23 Сентябр 2026
Имрӯз 22 сентябри соли 2026, ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бунгоҳи нави тиббӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи бунгоҳи мазкур, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, намояндагони мақомоти давлатӣ ва масъулини шаҳрак иштирок намуданд.
Бунгоҳи тиббии мазкур бо саҳми аҳолӣ ва саховатмандони деҳаи Зарчашма бунёд гардида, барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон заминаи муҳим мегузорад.
Бунгоҳи тиббии мазкур бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.