21 Сентябр 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ба истифода доданд.
Нахуст дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оҳаки Истиқлол бо иқтидори истеҳсолии 200 тонна дар як шабонарӯз расман оғоз бахшиданд.
Пас аз ба истифода додани ин корхона 70 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, маҳсулоти истеҳсолии он ба хориҷи кишвар содирот мешавад.
Гуфта шуд, ки дар оянда бунёди марҳилаи дуюми корхона дар назар дошта шудааст, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани он иқтидори истеҳсолӣ ва шумораи кормандон зиёд мегардад.
Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Истиқлол 6 корхона мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 620 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд ва дар як сол ба миқдори 46 миллиону 330 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол мегардад.
Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд, корхонаи истеҳсоли пахтаи минералии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Дилроз Ғаюр дар шаҳраки Чоруқдарони шаҳри Гулистон мебошад.
Бунёди ин корхона имкон медиҳад, ки дар як сол ба миқдори 50 ҳазор тонна пахтаи минералӣ истеҳсол шавад. Корхона бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ сохта шуда, дар он 60 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.
Ба кор андохтани ду дастгоҳи нави бофандагӣ дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қолинҳои Қайроққум бо иқтидори 450 ҳазор метри мураббаъ дар як сол иншооти дуюми саноатӣ дар шаҳри Гулистон аст.
Таҷҳизоти дар ин корхона васлгардида аз ширкати Вандевили кишвари Белгия буда, дар ин ҷо 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Корхонаи парвариши мурғи тухмдеҳ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи бинои ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Шамс тиҷорат бунёд гардидааст, ки тариқи фосилавӣ бо иқтидори 630 ҳазор дона тухми мурғ дар як моҳ мавриди истифода қарор гирифт.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз соли 2025 оғоз ёфта, дар муддат кӯтоҳ ба истифода дода шуд ва дар он 20 кас соҳиби ҷойи кор гардид.
Ифтитоҳи фосилавии корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ дар шаҳри Гулистон иншооти дигари саноатие буд, ки дар масоҳати зиёда аз 55 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сифат мурғ дар як сол 320 тонна гӯшти мурғи аълосифат истеҳсол менамояд. Баъди ба истифода додани ин корхона 18 сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда шуд.
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон ба ҳолати моҳи сентябри соли 2026 зиёда аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Дар онҳо 5385 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки ин рақам нишондод ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 550 нафар зиёд мебошад.
Бинои навсозишудаи кӯдакистони Садбарг дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон дар ҳамин рӯз тариқи фосилавӣ ба истифода дода шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимии томактабӣ барои ба тарбия фаро гирифтани 350 кӯдак аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар он барои ташаккули барвақтӣ ва ҷалби кӯдакон ба бозиҳои шавқовару зеҳнӣ шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.
Дар бинои аз таъмиршудаи кӯдакистон 14 гурӯҳ фаъолият менамояд ва дар ин ҷо 55 нафар соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардиданд.
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 11 муассисаи томактабӣ, аз он ҷумла 1 хусусӣ, мавҷуд буда, шумораи кӯдакони дар онҳо ба таълим фарогирифташуда 2087 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 108 кӯдак зиёд аст.
Пас аз ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити арзандаи кору фаъолият ва зиндагии мардум дар деҳот ва ҳидоят намудани насли наврас меҳнатдӯстию ватанпарварӣ тавсияҳо доданд.