zoofirma.ru

Санаи 25.08.2026  дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи кории назди Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ муовини якуми Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, комиссари ҳарбии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок доштанд.

Кори ҷаласаро  Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода оғоз бахшида, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба рафти омодагиҳои чорабиниҳои Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Гулистон бахшида ба Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи таҳиягардида 280 адад иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешуд.

То ба имрӯз тибқи нақша 280 адад иншооти таъиноташ гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ва иловатан иншоотҳои таъиноти гуногун сохта шуда истодаанд.

Сипас, муовинони Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ва Муслимахон Ҷамолиён доир ба иҷрои нақшаи баргузории чорабиниҳои идона ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон гузориш манзур намуданд.

Дар идома  Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода таъкид намуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, рушди соҳаҳои гуногун таъмин гардида истодааст.

Бо таҳлили вазъи соҳаҳо Раиси шаҳр ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони ҷамоати шаҳракҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои марбут ба Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла ташкил ва баргузории роҳпаймоии идона ва низомӣ, таъмини босифати бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, суръатбахшии корҳои созандагию ободонӣ, гулкорӣ, захираи маҳсулот ба давраи зимистон, рангубори биноҳои баландошёна ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, мумфаршкунии роҳҳо, баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ ва дигар масъалаҳо супоришҳои мушаххас дод.