zoofirma.ru

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноат, бунёду барқарорсозии корхонаҳои калон ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мегардад.

Таҷдиду навсозӣ ва барқарор намудани иқтидори истеҳсолии Комбинати маъдантозакунии "Адрасмон" аз тадбирҳои муҳим дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо раванди корҳои созандагиву барқарорсозӣ дар Комбинати маъдантозакунии "Адрасмон" шинос шуд.

Зимни боздид ба роҳбари вилоят оид ба техникаҳои нави воридшуда, васлу насби хатҳои истеҳсолӣ ва тадбирҳои амалишуда ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои корхона маълумот дода шуд.

Гуфта шуд, ки беш аз 10 адад техникаи муосир, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти боркашонӣ, ба корхона ворид гардида, барои тақвияти заминаи техникию истеҳсолии он истифода мешаванд. Навсозии техника ва таҷҳизот имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсолот афзоиш ёфта, фаъолияти корхона боз ҳам тақвият бахшида шавад.

Барқарорсозӣ ва фаъол гардидани Комбинати маъдантозакунии "Адрасмон" дар баробари эҳёи иқтидори саноатии минтақа, ба рушди иқтисодии шаҳри Гулистон, афзоиши ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда мусоидат мекунад.