04 Август 2026
Тибқи мактуби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2025, №1/(1)-228, вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204, «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023–2030», инчунин тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи муовини раиси вилояти Суғд аз 3 августи соли 2026, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид, ки дар он хизматчиёни давлатӣ — бонувони соҳаву касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Дар маросими ҷамъбасти озмун Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ғолибони даври шаҳрии озмунро таҳният гуфта, барои иштироки фаъол ва ба даст овардани натиҷаҳо дар даврҳои баъдии озмун муваффақият таманно намуд.
Сипас, ба ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон»диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тақдим карда шуд.