zoofirma.ru

Санаи 29 июл Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода кормандони Қисми мустақили 37 - уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳрро, ки фаъолияти пурсамари хизматӣ доранд ба муносибати иди касбӣ таҳният гуфта, қайд намуд, ки мутахассисони ин касб ҳамеша бо далерӣ, ҷасорат, муҳаббату садоқат ба кори худ ва омодагии ҳамешагӣ матонат нишон медиҳанд, зеро мубориза бо оташ аз ҳар яки онҳо кордониву зиракӣ, тахассуси баланд ва мардонагиро талаб менамояд.

Итминони комил дорам, ки афсарони баландрутба то хизматчиёни қатории ин ниҳод, минбаъд низ барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, таъмини зиндагии осоиштаи мардум маҳорати касбӣ нишон дода, ба халқу ватани азизамон хизматҳои арзандаи шоёни таҳсин менамоянд. Дар адои чунин хизмати пуршарафу сермасъулият, ки ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз мебошад саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбӣ таманно намуд.

Дар фарҷом Раиси шаҳр барои қадршиносӣ кормандони фаъоли соҳаи мазкурро бо сипосномаҳо сарфароз гардонид.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳр