06 Июл 2026
Санаи 5-июли соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлоли вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе - Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Руслан Раҷаб, Раиси шаҳри Гулистон - Илҳом Пӯлодзода, Раиси шаҳри Бӯстон - Нуруллозода Фирӯза, Раиси шаҳри Истиқлол - Маҳмудзода Қаюмҷон ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.
Зимни боздид меҳмонон аз намоиши маҳсулоти саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Гулистон шинос гардида, ба сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшуда баҳои баланд доданд.