zoofirma.ru

Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Мураббияи сол» баргузор гардид, ки дар ор мураббиён-ғолибон аз 18 шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд.

Дар давраи вилоятӣ иштирокчиён аз рӯи муаррифии   маҳорати касбии худ дар фаъолияти корӣ тибқи Низомномаи озмун баромад намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи ташкили чунин озмун дарёфт  ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи  касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.

Бо бартарии гирифтани холҳо Дилафрӯз Шукурова мураббияи кӯдакистони “Парасту”-и шаҳри Гулистон сазовори мақоми дуюми даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббияи сол” гардид.

Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.