zoofirma.ru

Санаи 11.06.2026 дар толори мактаби санъат тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2026 маҳфили адабию фарҳангии “Адибони Ваҳдатсаро” таҳти унвони “Эҷоди ман аз ҳавои Ватан аст!” ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, котиби ҳамоҳангсозии Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзам Ҳотамӣ ва корманди китобхонаи вилоятӣ ба номи Тошхӯҷа Асирӣ Ҷаҳонгир Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки мардуми тоҷик пас аз ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён санаи 9 сентябри соли 1991 бо эълон гардидани Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон боз аз нав соҳибдавлат гардиданд. Номи Тоҷикистони навин, ки фарзандони ин сарзамин бо илму фарҳанги хеш асрҳо қалби оламиёнро тасхир намуда буданд дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Мутаассифона дар оғози ин навиди ҳуҷаста, кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд. То ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ҳашт даври гуфтушуниди роҳбарияти кишвар таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати мухолифини давлат баргузор гардид. Ҳамин тавр, санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳи байни тоҷикон ба имзо расонида шуд, ки қадами нахустин дар роҳи осоиштагиву сулҳу сафои кишвар гардид. Минбаъд, кишвари тозаҷавони мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром рушду равнақ намуда истодааст.

Натиҷаи ҳамин сулҳу осоиштагист, ки имрӯз мову шумо ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ сарҷамъ омадаем. Бе муболиға, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ барои миллату давлатамон санаи бузургтарини тақдирсозу саодатофар ба шумор меравад. Мо имрӯз бояд шукрона кунем, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани озоду обод рӯзгори осоиштаи худро пеш мебарем.

Дар рафти чорабинӣ ба Раиси ҷамоати шаҳраки Сирдарё барои тарғиби таҳкими ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифз ва гиромошти анъанаи миллӣ, сиёсати ваҳдатбори Пешвои муаззами миллат, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ бо Сипосномаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сарвароз гардонида шуд.Инчунин аз тарафи санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи консертӣ манзури иштирокчиён гардид.