zoofirma.ru

Санаи 30 майи соли 2026 дар толори Кохи Истиқлоли шаҳри Гулистон маросими ифтитоҳи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони соҳаи маориф, ҳайати ҳакамон ва дигар меҳмонони гиромӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Алишер, раисони ҳайати ҳакамон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар даври шаҳрии озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои типи нав, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва намояндагони касбу кори гуногун фаъолона ширкат варзида, шумораи умумии иштирокчиён 351 нафарро ташкил намуданд.

Озмун аз рӯйи 8 номинатсия баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯйи фанҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, инчунин номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни ҳам рақобатпазирӣ намуданд.

Ҳадафи асосии озмун дарёфт ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, рушди тафаккури илмӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба фаъолияти таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ мебошад.

Дар фарҷоми даври шаҳрӣ беҳтарин иштирокчиён муайян гардида, барои иштирок дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд. Озмун дар фазои солими рақобат ва рӯҳияи баланди илмдӯстӣ баргузор гардида, барои рушди неруи зеҳнии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овард.