zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи коркарди моҳии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Таъминоти моҳӣ” шинос гардид.

Корхона бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи “Моҳии тоҷик” фаъолият дошта, дар як баст то 1 тонна моҳиро коркард ва беш аз 5000 қуттӣ консерваи моҳӣ истеҳсол менамояд.

Корхона асосан барои таъмини сохторҳои низомӣ ва бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъсис дода шуда, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсолотро боз ҳам афзоиш диҳанд.

Қайд гардид, ки вилояти Суғд дорои хоҷагиҳои зиёди моҳипарварӣ буда, рушди ҳамкориҳо дар ин самт барои афзоиши истеҳсол ва рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.