23 Май 2026
Дар вилояти Суғд корҳои омодагӣ ба баргузории Форуми 11-уми байналмилалии фарҳангию маърифатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Кӯдакони Иттиҳод» ҷараён дорад. Бо ин мақсад дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и Бонки миллии Тоҷикистон корҳои таъмиру таҷдид, ободониву созандагӣ ва фароҳамсозии шароити мусоид барои қабули меҳмонон вусъат ёфтааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз истироҳатгоҳ раванди корҳои ташкилӣ, навсозии иншоот ва омодагиҳоро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайян анҷом додани корҳо дастуру супоришҳо дод.
Таъкид гардид, ки дар доираи Форум кӯдакону наврасон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба вилояти Суғд ташриф оварда, бо таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллӣ, мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ва табиати зебои минтақа шинос хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, ба таъмиру таҷдиди пурраи истироҳатгоҳ, тозагиву сабзкории муҳити атроф, ташкили барномаҳои рангини фарҳангиву омӯзишӣ ва пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳили Баҳри тоҷик ҷойгир буда, дорои тамоми шароити зарурии муосир барои истироҳату фароғати наврасон мебошад. Дар ҳудуди он зиёда аз 10 бино, аз ҷумла утоқҳои машғулиятиву истироҳатӣ, ошхона, толори баргузории ҷаласа ва конфронс, ҳавзи шиноварӣ, майдони футбол, амфитеатр ва дигар иншооти ёрирасон мавҷуд аст. Истироҳатгоҳ дар як баст имкони фарогирии беш аз 500 нафарро дорад.
Раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати ҷиддӣ дода, корҳои омодагиро дар муҳлатҳои кӯтоҳ ба анҷом расонанд. Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити солим барои истироҳат ва рушди қобилияти зеҳниву ҷисмонии наврасон аз омилҳои муҳими ташаккули шахсияти комил ва ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад.