zoofirma.ru

Имрӯз, 2-юми майи соли 2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯаотзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими тобистон дар истироҳатгоҳи «Шоҳин» боздид намуд.

Истироҳатгоҳи «Шоҳин» дар соҳили Баҳри тоҷик ҷойгир буда, дорои тамоми шароити муосир барои истироҳату фароғати наврасон мебошад. Урдугоҳ аз 10 бино, аз ҷумла утоқҳои машғулиятӣ ва истироҳатӣ, ошхона, толори баргузории ҷаласа ва конфронсҳо, ҳавзи шиноварӣ, майдони футбол, амфитеатр ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Дар як баст имкони қабули беш аз 500 нафар наврас фароҳам мебошад.

Зимни боздид бо раванди корҳои сохтмонӣ масъулин иттилоъ доданд, ки айни замон таъмири капиталии урдугоҳ бо ҷалби бинокорон идома дошта, пас аз анҷоми корҳои навсозӣ ва қабули наврасон баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла, ташкил ва гузаронидани маҳфилҳои эҷодӣ, озмунҳои зеҳнӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои оммавӣ барои рушди зеҳниву ҷисмонӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии наврасон мусоидат хоҳад кард.

Раиси шаҳр ба масъулин дастур дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати ҷиддӣ дода, иншоотро сари вақт омода намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки муҳити урдугоҳ бояд пурра ба талаботи бехатарӣ, санитарӣ ва тарбиявӣ ҷавобгӯ бошад.