zoofirma.ru

Санаи 22.04.2026 дар шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва тибқи Барномаи амали мақоми ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2026, машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ ва қабули шаҳрвандон аз ҷониби ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” баргузор карда мешавад.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, роҳбари дастгоҳи мақомои ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонзода Сайдалӣ, сардои шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз Парвиз Маҷидзода, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Нозимзода Баҳриддин ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Муҳаммад Салоҳиддинзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар охир изҳори итминон карда шуд, ки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳо он низ дар роҳи таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз саҳми худро мегузоранд.