15 Апрел 2026
Имрӯз, 14 апрели соли 2026 тибқи нақшаи чорабиниҳои Прокуротураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба пешгирии экстремизм ва терроризм ва дигар падидаҳои номатлуб бо иштироки фаъолони шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, намояндагони Прокуротураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Дамдорзода ва Манучеҳр Шарифзода ва намояндаи прокуротураи вилояти Суғд Назриавлиё Маҳмадов ва муовини прокурори шаҳри Гулистон Малика Мухаддиярова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, дар Осиёи Марказӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти № 776 “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020” қабул намуд. Стратегияи зикршуда ҳамчун санади дорои хусусияти барномавӣ мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 аз хавфу хатари терроризм ва экстремизм сухан ронда, аз афзоиши ин зуҳуроти номатлуб изҳори нигаронӣ намуданд ва дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат вазифаҳои нав гузошта, ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усули муосири муқовимат ба ин зуҳурот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар натиҷа, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми зикршуда таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019 таҳти № 318 барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Ҳамин тавр, 28 ноябри соли 2019 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро дар таҳрири нав қабул намуд ва он, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи мамлакат, 2 январи соли 2020 аз ҷониби Президенти мамлакат имзо шуда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифт.
Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқоти тарғиботӣ мебаранд.
Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуи пешгирӣ, ошкор, рафъ, ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 заминаҳои сиёсати мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.
Ҳамчунин, 2-юми январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” қабул карда шуд, ки он ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ дар ин самт, шаклу намудҳои ҷавобгарӣ барои амалҳои экстремистӣ, инчунин чораҳои пешгирии фаъолияти экстремистиро муайян менамояд.
Лозим ба зикр аст, ки «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 — 2020» дар давоми 5 соли фаъолият ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ин хатарҳоро дар кишвар замина гузошт. Пас аз ба охир расидани фаъолияти амалии Стратегияи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 бори дигар вобаста ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои хавфнок, ки башариятро ноором сохтааст, чунин иброз намуданд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».
Роҳбари давлат дар Паёми зикршуда, бинобар ба охир расидани муҳлати «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 — 2020», ба Прокуратураи генералии мамлакат супориш доданд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии он аз 1 июни соли 2021 таҳти №187 тасдиқ гардид.
Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.
Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шуд.