14 Апрел 2026
Санаи 13 апрели соли 2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" аз Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дидан намуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ нахуст аз пойгоҳи обкашии "Дреш-сой" дар маҳаллаи Боғот-1 дидан карда шуд. Бо таъмиру азнавсозии он вазъи таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад. Сипас, аз рафти корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Эшмергани деҳаи Зарчашма, фаъолияти бунгоҳи тиббии деҳаи Зарчашма, корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ дар кӯчаи Рӯдакӣ дидан карда шуд.
Ҳамчунин, аз рафти корҳои бозсозии Комбинати маъдантозакунии Адрасмон дидан карда шуд, ки тули беш аз 13 сол фаъолият надошт ва баъди азнавсозиву оғози фаъолият беш аз 500 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраки Адрасмон 49 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 49 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст ва иншоотҳои иловагӣ сохтаву бунёд шуда истодааст.
Илҳом Пӯлотзода ба раиси ҷамоати шаҳрак ва дигар масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии иншоотҳои иловагии ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод.