zoofirma.ru

10 апрели соли 2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон аз ҷараёни корҳои сохтмонии корхонаи саноатии ҶДММ "Дилроз Ғаюр" дидан намуд.

Корхонаи саноатии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, инчунин эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ", солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои расидан ба ҳадафи чаҳоруми стратегии миллӣ "Саноатикунонии босуръати мамлакат" бунёд гардида истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона ба самти истеҳсоли ватаи минералӣ нигаронида шуда, бо ҷалби наздик ба 100 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ, бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда истодааст ва пас аз мавриди истифода қарор додан метавонад то 40 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин намояд. Дар корҳои бунёдкорӣ ва васлу насби технологияҳои мутахассисони хориҷӣ ва маҳаллӣ фаъолият намуда истодаанд.

Корҳои сохтмонӣ тибқи нақша ҷараён дошта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба итмом расонида мешаванд.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва васлу насбсозии технологияҳо, пурзӯр намудани иқтидори истеҳсолӣ, бо истифода аз имкониятҳо зиёд намудани теъдоди ҷойҳои корӣ таъкид намуд.