22 Март 2026
21 марти соли 2026 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода собиқадорони меҳнат - Ҳайдар Муродӣ собиқадори соҳаи молия, ки солҳои сол дар ин соҳа пуршарафона меҳнат намудааст ва Ғайбулло Зайниддинов, ки собиқадори соҳаи саноати сабук-қолинбофӣ буда, солҳои зиёд дар ҶДММ "Қолинҳои Қайроққум" фаъолияти пурсамар намуда, дар рушди ин соҳа саҳми арзишманд гузоштаастро аёдат намуда, ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба онҳо муборакбод гуфтанд. Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ кумакҳои молиявии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба собиқадорон тақдим намуд.
Собиқадорон бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои сулҳу суботи кишвар баҳри боз ҳам гул-гулшукуфоии кишвари азизамон, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пойдору устувор мондани Истиқлоли давлатӣ дасти дуо бардоштанд.