zoofirma.ru

Дар майдони “Тоҷикистон ба пеш!” мулоқоти идонаи Илҳом Пӯлотзода бо поккорон доир гашт. Басо рамзист, ки табиатро баҳори нозанин, гулу себаргаҳои сар ба боло кардаву ба машом бӯи муаттари гулҳо мерасад, чун фоли нек дар фаъолияти кориву рӯзгорашон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба кулли бонувони КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, ки тозагию озодагии кӯчаву хиёбон, гулгашту роҳравҳо маҳз аз фаъолияти шабонарӯзии ин занону духтарон иртибот мегирад, бо як самимияти хоса армуғони баҳорона тақдим кард.
Ҳамзамон, шаҳрдор ҷиҳати боз ҳам талош варзидани онҳо дар сабзу хуррамии шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” таманнои нек намуда, бо фарорасии Баҳори дилрабо ва Рӯзи модар таҳният гуфт.
Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Убайдзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилоят Зулфиқор Тоҳиров низ ширкат варзиданд.