zoofirma.ru

Модарон ва хоҳарони азиз!
Фарорасии фасли зебои сол – баҳори оламафрӯз ва ҷашни модаронро ба ҳамаи Шумо модарону хоҳарони мушфиқ табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу менамоям.
Зан-Модар баҳор аст. Маҳз, ба хотири хислатҳои ҳамидааш ӯро  Модар номидаанд, зеро гармидиҳандаву тасаллидиҳанда, наҷотбахшу  дармондиҳандаи мост.
Модарону хоҳарони гиромӣ!
Шумо пайвандгари наслҳову замонҳои имрӯзу фардои ҷомеа ва ҳусни зеботарин сафҳаи китоби зиндагӣ ҳастед. Дар раванди нави таърихиву сиёсии Тоҷикистон занон мақому манзалати худро шинохта, фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои тоза фазои ҷомеаи моро таровати хоса мебахшанд.

Мусаллам аст, ки баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан, таъмини ҳуқуқҳои ӯ дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Вобаста ба ин як силсила Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақшаву Барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва оид ба масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ба тасвиб расида, дар ин замина Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон низ дар партави ғамхориҳои Пешвои миллат баҳри боз ҳам баланд бардоштани нақши занон дар раванди идоракунӣ тадбирҳои судманд андешида, тамоми имконият ва саъю талоши худро равона сохта истодааст.
Тавре Сарвари кишвар дар баромадҳояшон дар ситоиши Зан-Модар баён менамоянд: «Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогӯи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед».
Имрӯз соатҳо дар ҳаққи Шумоён сухан гӯем кам аст, зеро Шумо лоиқи арзандаи ҳама гуна суханҳои нек мебошед.
Умедворам, ки дар ин соли накӯ ва дар таҷлили Ҷашни бузурги 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору пайкоратон боз ҳам фаъолтар гардида, ҳар яки Шумо тамоми нерӯ, заковати хешро баҳри солимии ҷомеа ва таълиму тарбияи насли созандагони навини диёр сафарбар менамоед.
Бигзор, Рӯзи Модар, оғози фасли зебои сол баҳори нозанин ба кулли модарону бонувони азиз, хоҳарони меҳрубон хушрӯзиву саодатмандиро насиб гардонад!
Модарон ва хоҳарони арҷманд!
Бори дигар, бо камоли эҳтирому самимияти беандоза шуморо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва шахсан аз номи худам бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба аҳли оила ва наздиконатон саломативу сарбаландӣ, умри дарози пурбаракат, рӯзгори хушу хонаи обод ва дар хизмати пуршарафатон барору комёбиҳо орзу менамоям.
Ид муборак, модарон ва хоҳарони азизу меҳрубон!