zoofirma.ru

Дар арафаи ҷашни фархундаи Рӯзи Модар, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад, дар шаҳри Гулистон силсила чорабиниҳои идона идома доранд. Яке аз чунин маҳфилҳои гарму самимӣ дар бинои адлияи шаҳр бо иштироки занону бонувони фаъол, собиқадорони меҳнат ва ҷавонон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади гиромидошти мақому манзалати ҷойгоҳи зан дар ҷомеа, арҷгузорӣ ба заҳмату фидокориҳои модарон ва баланд бардоштани эҳтиром нисбат ба тарбиятгарони насли ояндасоз фарогир буд.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён зимни суханронии худ таъкид дошт, ки давлату Ҳукумати мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Зикр шуд, ки имрӯз бонувони шаҳр дар тамоми соҳаҳо содиқона меҳнат карда, дар рушди кулли соҳот саҳми арзанда мегузоранд.
Мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Фарангис Ғаффорзода дар навбати худ иброз дошт, ки Модар на танҳо сарчашмаи меҳру муҳаббат ва рамзи покиву садоқат, балки неруи бузурги тарбиятгари ҷомеа мебошад. Нақши ӯ дар тарбияи насли солим, бомаърифат ва ватандӯст калидӣ буда, маҳз аз домони поки модар фарзандони некному қаҳрамон ба камол мерасанд.
Ба маҳфил барномаи фарҳангии муҳассилини Гимназияи №1 ҳусну таровати тоза бахшид. Хонандагон бо қироати шеърҳои дилнишин дар васфи Модар-Ватан, рақсҳои ҷаззоб ва саҳнаҳои ҷолиб хотири ҳозиринро шод намуда, фазои идона ва гарму самимиро фароҳам оварданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор занону модарони фаъол барои фаъолияти пурсамар ва хизматҳои содиқонаашон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Инчунин, дар як лаҳзаи хотирмон ва рамзӣ, ба навҷавононе, ки дар ин рӯзҳои идона ақди никоҳ бастанд, шаҳодатномаи хонадоршавӣ супорида шуд.