zoofirma.ru

Дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ идома ёфта, дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр ва гардиши ба сӯйи осоишгоҳи "Баҳористон" беш аз 1200 бех санавбари элдорӣ ва 15000 бех ниҳоли гули садбарг шинонида шуд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иштирок намуда, зикр кард, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид нақшаи ниҳолшинонӣ дар шаҳр бояд вусъат дода шавад.

Ин тадбири муҳими экологӣ дар шаҳр асосан бо ташкили ҳашарҳои дастҷамъона вусъат ёфта, дар назар аст, ки соли ҷорӣ дар кӯчаю хиёбонҳо ва мавзеъҳои алоҳидаи шаҳр беш аз 8 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида мешавад.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо идома дорад.

Ин иқдом дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» идома меёбад.