zoofirma.ru

Санаи 13 феврали соли 2026 ба муносибати 37-умин солгарди Рӯзи баровардани нерӯҳои низомии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ аз хоки Афғонистон бо иштироки ҷанговарони байналмилал дар тарабхонаи "Манижа" чорабинӣ доир гардид. Муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода дар чорабинии мазкур иштирок намуда, иштирокчиёнро ба ин муносибат муборакбод гуфт.

Таъкид шуд, ки дар муҳорибаи шадиди ин давлат 14500 нафар аскару афсари шӯравӣ қурбон шуд, зиёда аз 50000 нафар маҷрӯҳ гардида, беш аз 300 нафар бе ному нишон гашт. Аз вилояти Суғд низ 3100 нафар қарзи интернатсионалистии худро иҷро кардааст. Шумори қурбониёну маҷрӯҳгаштагон зиёд буда, аксари ҷанговарону иштирокдорони тоҷик дар он солҳо барои шуҷоатмандиашон бо ордену медалҳо қадрдонӣ карда шудаанд.

Давлату Ҳукумати мамлакат ба собиқадорони ҷангу меҳнат эҳтирому ғамхории хоса зоҳир намуда, онҳо ҳамеша дидорбиниву қадрдонӣ карда мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки насли ҷавони кишвари соҳибистиқлоли мо аз корномаҳои гузаштагони некноми хеш ба хотири ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат содиқонаву ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.

Барои иштирокчиён дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангӣ манзури иштирокчиён карда шуд.