zoofirma.ru

Санаи 28 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мактаби таҳсилоти иловагии шаҳр, ҷаласа оид ба «Ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустии шаҳр дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026» баргузор гардид, ки дар он муовини раиси шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд сардори шӯъбаи хизматрасонӣ ба модар- кӯдаки Раёсати тандурустӣ Акмалходжаева Индира, сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Гулистон Азимов Фирдавс, роҳбарони ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ, муовинон, мудирони шӯъбаҳо, сармуҳосибони шӯъбаҳои кадрҳо ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

Сартабиби Беморхонаи марказии шаҳр доир ба фаъолияти соҳаи тандурустии шаҳр дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баромад кард.

Қайд гардид, ки сол то сол ҳолати моддию техникии муассисаҳои тиббӣ беҳтар гардида, дар ин раванд сифати хизматрасониҳои тиббӣ низ руз аз руз беҳтар гардида истодааст. Тавре дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16 декабри соли 2025 қайд гардид, 10 соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмахо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар давоми соли 2025 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Вахдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази саломатии шаҳр баъди гузаронидани таъмири куллӣ ба истифода дода шуд. Шӯъбаи кӯдаконаи Беморхонаи #1 ҷамоати шаҳраки Адрасмон баъди ба итмом расидани сохтмон барои 20 кат ба истифода дода шуд. Ин муассисаҳои тандурустӣ бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо бо таҷҳизотҳои ташхису табобатӣ ва ёрирасон таъмин карда шуданд.

Беҳтар намудани вазъи таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр бо мутахассисони тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Дар соли 2025 дар муассисаҳои тандурустии шаҳр 6 нафар табиб аз руи ихтисос ба кор қабул карда шуданд.

Дар идомаи ҷаласаи Шӯрои тиббӣ Муовини раиси шаҳр зимни суханронии хеш аз таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои доимии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳиму саривактӣ баҳри таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ дар шаҳр шароиту имкониятҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Дар идомаи суханронии хеш Муовини раиси шаҳр доир ба натичаҳои соҳаи тандурустии шаҳр вазъи як қатор бемориҳо низ ибрози назар карда, дастуру супоришҳои МИҲД-и шаҳри Гулистонро баҳри рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба самъи ҳозирин расонид.

Дар охир қарори шӯрои тиббӣ соҳаи тандурустии шаҳр қабул гардида, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва шахсони масъул баҳри мӯътадил гузаронидани давраи зимистон, бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, кӯмаки фаврии ройгон вазифадор карда шуданд.