zoofirma.ru

Имрӯз 27.01.2026 баҳри тақвияти корҳои мунтазами таблиғотӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, тибқи нақшаи муштараки чорабинҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо усули "мактаб ба мактаб" бо иштироки муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, мудири бахши занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Матлуба Сатторова, нозири калони кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Сулаймон Партобов, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Дилрабо Каримӣ, директори МТМУ №3 Монад Раҳматуллоева бо ҷалби волидайни хонандагони МТМУ №3-и шаҳраки Консой мулоқоти судманд анҷом дода шуд.

Зимни баргузории мулоқот вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гуруҳҳои ғайриқонунӣ, ба дарки мардум расонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус хусусияти динидошта, ба аҳолӣ фаҳмонидани амалҳое, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин ҳисоб мешаванд, огоҳонидани мардум, алалхусус ҷавонон аз макру найранг ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористиву экстремистӣ, истифодаи дурусти телефон ва шабакаҳои ичтимоӣ ва зери назорати волидон қарор додани истифодабарандагони ҷавон, эҳсоси масъулият доштан дар раванди ҳифзи амнияти кишвар, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ ва дигар масъалаҳои мубрам маърӯзаҳо ироа карда шуд.

Дар идома байни маърӯзачиён ва волидайн суҳбати озод сурат гирифт.