27 Январ 2026
Имрӯз, 27 январи соли 2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи кории назди Раиси шаҳри Гулистон доир ба расонидани муҳтавои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 январи соли 2026 баён доштанд баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода кори ҷаласаро оғоз намуда, таъкид намуд, ки дар ҷараёни маҷлиси васеъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда, барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат, ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода муфассал супоришҳои бевоситае ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштаанд ба самъи иштирокдорон расонид.
Сипас, Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода масъулини шаҳрро доир ба иҷрои бевоситаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор намуд.
Ҳамчунин, доир ба саривақт иҷро намудани нақшаи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, истиқболи Истиқлоли давлатӣ дар ҳар як хонавода, ҳар як муассисаи таълимӣ, ташкилоту идораҳо, корхонаҳо, маҳаллаву деҳаҳо, шаҳракҳо ва шаҳр бо руҳияи пур аз ифтихори миллӣ таъкид намуд.
Инчунин, доир ба тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории ҳарбӣ, иҷрои нақшаҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, иҷрои андозу буҷет, таъмири роҳҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии сайёҳӣ ва ба даст овардани дастовардҳои назаррас дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.