14 Январ 2026
Дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” масоили марбут ба дурнамои рушди фаъолияти корхона, афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва иҷрои уҳдадориҳо дар соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар оғози мулоқот зикр намуд, ки бо сиёсати хирадмандона ва дурнигаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат дар кишвар ба яке аз бахшҳои муҳими рушди иқтисод табдил ёфта, сол аз сол ҳаҷм ва номгӯи маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад. Таъкид гардид, ки соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 39 миллиарду 146,4 миллион сомонӣ расида, суръати рушди соҳа 123,5 фоизро ташкил додааст.
Гуфта шуд, ки дар баробари дигар корхонаҳои бузурги саноатӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” низ дар рушди соҳаи саноати вилоят саҳми назаррас мегузорад. Ин корхона тӯли 11 сол фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоташ аз 852,5 миллион сомонӣ дар соли 2015 ба 3 миллиарду 378,4 миллион сомонӣ дар соли 2025 расидааст. Тибқи маълумоти оморӣ, корхона уҳдадориҳои истеҳсолии худро дар соли 2025 ба андозаи 106 фоиз иҷро намудааст.
Таъкид гардид, ки фаъолияти чунин корхонаҳои муштарак дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монда шуда, дар рушди соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи ҳадафҳои созанда нақши муҳим мебозад.
Зимни мулоқот ҳамчунин зикр шуд, ки соли 2026 мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд. Ба ифтихори ин санаи муқаддас дар вилояти Суғд корҳои густурдаи ободониву созандагӣ ҷараён дошта, яке аз ҳадафҳои асосӣ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба шумор меравад.
Дар ин замина Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” уҳдадор гардид, ки соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба беш аз 4 миллиарду 200 миллион сомонӣ расонад. Роҳбарияти корхона аз нақшаҳои минбаъда ва тасмимҳои созандаи худ ба роҳбари вилоят маълумот дода, изҳор дошт, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида уҳдадориҳои ба зиммагирифтаро сарбаландона иҷро хоҳанд намуд.