zoofirma.ru

Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар шаҳри Гулистон тадбирҳои муассир андешида шудааст.
Санаи 30.12.2025 бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон сехи таъмири трансфарматорҳои ҶДММ “Неруи Истиқлол”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бунёд гардидааст мавриди истифода қарор дода шуд.


Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизоти корхонаи мазкур аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии мардумии Чин ворид ва васлу насб карда шудааст. Дар коргоҳи мазкур фаъолияти кормандон дар як баст ташкил карда шуда, 6 нафар мутахассиси бо окри доимӣ таъмин гардидаанд. Иқтидори истеҳсолии корхона таъмири 8 адад трансформатор дар як моҳ мебошад.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати фаъолти пайваста ва зиёд намудани иқтидорҳо супоришҳо дод.