zoofirma.ru

Имрӯз, 29-уми декабри соли 2025 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуриявии соҳаи китоб ва матбуот доир гардид.

Дар ин чорабинӣ ғолибони ду озмуни муҳими ҷумҳуриявӣ — «Китоби сол – 2025» ва «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» -ро қадрдонӣ гардиданд.

Дар номинатсияи рӯзнома ва маҷаллаи “Минтақавӣ” ҷойи аввал — Нашрияи «Анвори дониш», ҷойи дуюм — Нашрияи «Хатлон» ва ҷойи сеюм — Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон «Соҳил» гардида бо дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.