zoofirma.ru

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон як қатор беморон ва маъюбонро аёдат намуд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои инсондустонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ чанде аз аъзои оилаҳои камбизоат ва нафарони дорои имконияти маҳдуд мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор гирифтанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо аҳли оилаи Наргиза Алиева, Мафтуна Мараҷабова, Зафарҷон Султонов ва Зулхумор Ғафурова таъкид намуд, ки қишри осебпазир ва ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Оилаҳои зикршуда дорои фарзандони маъюбу бемор буда, барои ғамхориҳои доимӣ изҳори сипос намуданд.

Зимни аёдат ба беморон аз ҷониби Раиси вилоят кумакҳои пуливу моддӣ ва сару либоси зимистона тақдим карда шуд.