27 Декабр 2025
24 декабри соли 2025, дар шаҳри Гулистон бо иштироки директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд — Раҳмонзода Султон, муовини раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, кормандони соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Гулистон, вохӯрии судманд баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақша-чорабиниҳои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд,вохӯрии судманд оид ба пешгирии афзоиши бемориҳои сироятӣ, нақши муассисаҳои таълимӣ дар таъмини солимии аҳолӣ ва роҳҳои амалӣ намудани чораҳои муассир баррасӣ гардид.
Директори Марказ зимни суханронӣ ҳадаф ва аҳамияти баргузории вохӯриро шарҳ дода, ба иштирокчиён оид ба вазъи кунунии бемориҳои сироятӣ ва чораҳои самараноки пешгирии онҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ вазифаи танҳо соҳаи тандурустӣ набуда, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин, дар баромади директор таъкид шуд, ки омилҳои асосии пешгирии бемориҳои сироятӣ таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, ҳавои солим, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятӣ, иҷрои тадбирҳои санитарӣ ва карантинӣ мебошанд.
Бо риояи ин талабот метавон сатҳи бемориҳои сироятиро коҳиш дод ва саломатии ҷомеаро ҳифз намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати санитарии шаҳрвандон, таъмини тозагии муҳити зист, беҳтар намудани шароити таъминоти об дар муассисаҳои таълимӣ, мутобиқ гардонидани ҳоҷатхонаҳо ба талаботи санитарӣ, истифодаи дурусти ангишт дар мавсими сармо ва аҳамияти махсус додан ба маҳсулоти консерватории дар шароити хона омодашаванда муҳокима шуданд.
Дар ин самт ба иштирокчиён маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён вобаста ба мавзӯи баррасишуда суолҳои худро пешниҳод намуда, аз ҷониби мутахассисон ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.