16 Декабр 2025
11 декабри соли 2025 дар толори меҳмонхонаи “Корвон Плаза Душанбе” маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол – 2025» таҳти унвони “Қуллаи шараф” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Муовини якуми Сарвазири Ҷумуҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон ва роҳбарону муовинони дигар вазорату идораҳо ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Маросими тантанавиро Муовини якуми Сарвазири Ҷумуҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ. Ҳ., Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Н. ва вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода А. С. ботантана ифтитоҳ намуданд.
Мақсади асосии озмуни мазкур ин дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини пайвастаи рушди бахши хусусӣ, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони молу хизматрасониҳои ватанӣ ва ташвиқу тарғиби брендҳои ширкатҳо дар бозорҳои дохилу хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳадаф аз баргузории озмун ин муайян ва муаррифӣ намудани брендҳои муваффақ, боло бурдани обрӯву эътибори брендҳо байни истеъмолкунандагон, ҳавасмандгардонӣ ва рушди соҳибкорӣ, рушди истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ ва ба содирот нигаронидашуда мебошад.
Озмуни мазкур бори панҷум дар кишвар доир гардида, дар соли 2025 ба он 116 брендҳо дар 14 номинатсия ва 65 зерноминатсия ариза пешниҳод карданд.
Лозим ба зикр аст, ки дар маросими мазкур ҶДММ "Қолинҳои Қайроққум" соҳиби шаҳодатномаи дорандаи ҷоизаи тиллоии "Бренди сол - 2025" гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҶДММ "Қолинҳои Қайроққум"-ро бо ин дастовард муборакбод гуфта, дар иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ муваффақиятҳо таманно менамояд.