01 Декабр 2025
Имрӯз, 1 - уми декабри соли 2025 дар толори Мактаби санъати шаҳр аз тарафи маркази саломатӣ, масъулини Маркази Вируси Норасоии Масунияти Одам (ВНМО) аксияи тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ доир гардид, ки дар он муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, роҳбари Маркази саломатии шаҳр Ҷонибек Ҳоммдҷонов иштирок намуданд. Ин иқдом бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳолӣ ба масъалаҳои мубрами тандурустӣ, пешгирии бемории сироятии ВНМО ва баланд бардоштани сатҳи саводи тиббии ҷавонон ташкил карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён бо овезаҳои ташвиқотии «Тарзи ҳаёти солим» ва рамзи лентаи сурх рамзи ҳамбастагӣ бо шахсони гирифтори ин беморӣ паёмҳои огоҳонаро ба ҷомеа расониданд. Варақаҳои иттилоотӣ бо маълумотҳои судманд оид ба роҳҳои пешгирии сирояти ВНМО, усулҳои муҳофизат, аҳамияти ташхиси саривақтӣ, масъулияти шахсӣ дар нигоҳдории саломатӣ ва интихоби тарзи ҳаёти солим тақсим гардид.
Чорабинии мазкур на танҳо як амали рамзӣ, балки иқдоми амалӣ дар роҳи баланд бардоштани масъулияти ҷавонон, таҳкими фарҳанги худнигоҳдорӣ аз бемориҳои сироятӣ ва тақвияти тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа арзёбӣ гардид.
Масъулин иброз намуданд, ки чунин чорабиниҳо минбаъд низ идома ёфта, ҷавонон ҳамчун насли ояндасози миллат дар пешгирии паҳншавии ВНМО/СПИД ва дигар бемориҳои сироятӣ саҳми назаррас гузошта, барои солимии ҷомеа талош хоҳанд кард.