zoofirma.ru

Санаи 01.11.2025 тибқи нақшаи кории прокуротураи шаҳри Гулистон дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарё доир ба самаранок истифода бурдани неруи барқ ва роҳ надодан ба қонунваронкунӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур ёрдамчии Прокурори шаҳри Гулистон Маҳмудҷон Маъруфзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки дар замони имрӯз, ки рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар бевосита ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои энергетикӣ вобаста аст. Масъалаи истифодаи самараноки қувваи барқ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади таъмини истифодаи оқилонаи барқ, пешгирии талафот, инчунин мубориза бо вайронкуниҳои соҳа, ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шудаанд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, барои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ, дасткорӣ дар асбобҳои ҳисобкунанда, ё истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ҷавобгарии сахттар пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла: дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ бе ҳисобкунак, ё бо вайрон кардани муҳрҳои назоратӣ, ҷаримаҳои калон нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд.

Дар Кодекси ҷиноятӣ бошад, барои амалҳои қасдан дуздии қувваи барқ дар миқёси калон ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон, ҷазо то ба маҳрум сохтан аз озодӣ низ пешбинӣ шудааст.

Ин чораҳо пеш аз ҳама барои баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ва корхонаҳо, инчунин барои таъмини амнияти энергетикӣ ва кам кардани талафоти иқтисодӣ равона шудаанд.