zoofirma.ru

Санаи 16-уми октябри соли 2025 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ таҳти унвони “Конститутсия - бахтномаи миллат!” дар МТҒ “Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Абдуазиз Бобоев, собиқадори соҳаи матбуот Мавлуда Шарифзода ва сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Умеда Комилова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлол буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян кардааст.

Риоя ва татбиқи Конститутсия вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Мо бояд шукрона кунем, ки дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи озод изҳори ақида кардан, иштирок дар интихобот, озодии виҷдон ва дигар ҳуқуқҳои демократӣ таъмин карда шудаанд. Ҳадафи мо ҷомеаи ҳуқуқбунёд, адолатпарвар ва инсонмеҳвар аст. Ва ин танҳо тавассути риояи Конститутсия ва эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ ва байналмилалӣ имконпазир мегардад.