19 Октябр 2025
Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санаи 19 октябр дар МД “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-и пойтахт дар Ҷашни Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, ҳамзамон баргузории Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Иди себ ва ангур, Фестивали “Оши палов”, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ ва Иди тарбуз, харбуза ва каду бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.
Дар ҷашн муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, масъулини вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрк ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилоту идораҳои тобеи вазорати кишоварзӣ, кишоварзон аз тамоми гушаву канори мамлакат иштирок намуданд.
Аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни Меҳргон барои иштироккунандагон ироа карда шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар баргузории таҷлили Иди меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ бо сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.