zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҷдиду азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо бо маром ҷараён доранд.

Дар минтақаи саноатии шаҳр 6-уми октябри соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 1,0 км роҳ бо сифати баланд мумфарш карда шуд.

Дар оғози корҳои мумфаршанамоӣ Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иштирок намуда, такид дошт, ки соли ҷорӣ таъмири 52,5 километр роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 7,5 км таъмири асосӣ, 20,4 километр таъмири ҷорӣ ва 25,5 километр шағалпўш мебошад.

Дар давоми соли ҷорӣ нақшаи мазкур барзиёд иҷро карда шуд. Зимни суҳбат бо сокинон Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода таъкид намуд, ки мо бояд ба истиқболи Ҷашни умумимиллӣ – 35-солаги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашем, корҳои ободониву созандагиро тақвият бахшем ва ин санаи таърихиро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намоем.