12 Сентябр 2025
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон 12 сентябри соли 2025 дар толори МТМУ №10 Ҷамоати шаҳраки Зарнисор бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо мулоқот доир гардид.
Дар кори мулоқот муовини раиси шаҳри Гулистон - Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр - Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Абдуллоев Фаридуншоҳ ва раиси шаҳраки Зарнисор Мавлонов Хуршед ширкат намуданд.
Нахуст муовини раиси шаҳри Гулистон - Шарифҷони Саидраҳмон оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 баён доштанд ибрози назар намуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ аз ҷониби маърӯзачиён пеш аз ҳама оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон оид ба тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карда шуд.