12 Сентябр 2025
Имрӯз, 12-уми сентябри соли 2025 дар доираи сафаи кории Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бинои шуъбаи бачагонаи беморхонаи шаҳрак мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуд.
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи бачагонаи беморхона бо таҷҳизоти зарурии муосир, мизу курсӣ, ҷевон ва дигар лавозимот таҷҳизонида шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки шуъба дорои 20 кат буда, дар шуъба 10 нафар корманд фаъолият мебарад.
Илҳом Пӯлотзода ба масъулини соҳа ҷиҳати таъмини хизматрасонии босифат ба сокинон, таъмин кадрҳои соҳибтахассус дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳрак супоришҳо дод.
Кормандони шуъба барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба соҳаи тандурустӣ, бунёди бинои шуъба ва таъмини он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар ҷодаи худ содиқона ба халқ хидмат менамоянд.