zoofirma.ru

Имрӯз, 11.09.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода собиқадорони меҳнат - Бароат Осимова табиби бачагона, ки то ҳол дар беморхонаи марказии шаҳр фаъолият дорад ва Латофат Қодирова собиқадори соҳаи фарҳанги шаҳрро, ки солҳои тулонӣ дар соҳаи фарҳанг фаъолият намуда, баҳри рушди соҳа саҳми арзишманд гузоштааст аёдат намуда, Ҷашни Истиқлоли давлатиро муборакбод гуфта, кумакҳои молиявии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба онҳо тақдим намуд.

Собиқадорон бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои сулҳу суботи кишвар баҳри боз ҳам гул-гулшукуфоии кишвари азизамон ва пойдору устувор мондани Истиқлоли давлатӣ дасти дуо бардоштанд.