09 Сентябр 2025
Имрӯз, 9-уми сентябри соли 2025 дар қисми ҳарбии 07746-и Маркази таълимии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Бахтиёр Каримов ва намояндаи МИҲД вилояти Суғд иштирок намуда, сарбозону афсаронро ба ин муносибат муборакбод намуданд.
Муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон паёми шодбошии Раиси шаҳрро ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокдорон расонид. Зикр карда шуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлоли кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд”.
Дар воқеъ Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.
Аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр баҳри болидарӯҳии сарбозон барномаи рангини фарҳангӣ бахшида ба ин санаи фархунда манзур карда шуд.
Инчунин, дар ин рӯз барои сарбозон дастархони идона ороста шуд.