zoofirma.ru

Имрӯз, 16.07.2025 дар тарабхонаи "Манижа"-и маркази шаҳр даврии шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии "Беҳтарин ҳамсар" ва "Беҳтарин оилаи ҳунарманд", "Хушдомани беҳтарин", "Фарзанд боғи падару модар", ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагон аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо баргузор гардид.

Дар оғоз муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён чорабиниро оғоз намуда, зикр дошт, ки оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад. Зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта, рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад ва амсоли ҷамъият ҳамқадами замон рушду ташаккул ёфта, вобаста ба муҳити маънавии ҷомеа шаклу мазмуни нав пайдо мекунад. Дар ҳар давру замон оила барои ояндаи насли наврас хишти аввали бунёди қасри маънавиёт ба ҳисоб меравад.

Комиссияи озмун пас аз натиҷагирӣ ғолибонро муайян намуд.

Дар вазъи тантанавӣ ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.