zoofirma.ru

Санаи 09.07. 2025  дар варзишгоҳи маркази шаҳр даври ниҳоии мусобиқаи  шаҳрии футбол байни кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Гулистон  бахшида ба  Рӯзи умумиҷаҳонии футбол, баргузор гардид. Дар  даври  ниҳоии мусобиқаи мазкур кормандони шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҶДММ "Соҳил", қисми ҳарбии 45025-и КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҶСК "Тоҷикгидроэлектромантаж"  байни ҳам рақобат намуданд.

Дар натиҷа шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сазовори ҷойи якум, ҶДММ "Соҳил" сазовори ҷойи дуюм ва дастаҳои қисми ҳарбии 45025-и КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҶСК "Тоҷикгидроэлектромантаж" сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибонро Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода табрик намуда, ба ҷоизадорон туҳфаҳои хотиравӣ, диплом, медал ва ҷом супорида шуд.