zoofirma.ru

Санаи 08.07.2025 Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар доираи даври ёздаҳуми Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд бо КФ "Хистеварз"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сафар майдондорӣ намуда бо ҳисоби бузурги 0-5 пирӯзӣ ба даст овард.

Ин ғалабаи нуҳуми дастаи "Гулистон" дар мавсим мебошад ва даста дар ёздаҳ давр бо 9 пирӯзӣ, як бохт ва як мусовӣ бо 28 имтиёз мавқеи худро дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот устувортар намуд.

Пирӯзӣ муборак бод!