zoofirma.ru

Имрӯз, 04.07.2025 тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва КИ ҲХДТ дар шаҳр ҷиҳати баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо усули маҳал ба маҳал бо ҳайати кормандони ҶДММ “Қолинҳои Қайроққум” вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ва директори генералии ҶДММ “Қолинҳои Қайроққум” Абдуллоев Абдулмуталлиб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ доир ба риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2163 “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 253 қисми 1- вайрон кардани қоида аз меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2025, №2164 “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моддаи 382 Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона суханронӣ намуданд.

Инчунин, доир ба ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ, устувор нигоҳ доштани давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарғиби андешаи миллӣ таъкид карда шуд.