04 Июл 2025
Имрӯз, 04.07.2025 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон барои натиҷагирӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, Абдуллоев Фаридуншоҳ мудири ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, масъулини МДМВ, масъулини шуъбаи маориф, омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таҳсити миёнаи умумӣ ва коллеҷи тиббӣ, волонтёрон ва аъзоёни фаъоли маҳфили "Пайравони Пешвои миллат" иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти бахш 3 масъала дар шакли зерин пешниҳод гардид:
1.Ҳисоботи фаъолияти Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар самтҳои кор бо ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 бо дарназардошти муваффақият, мушкилот, ҳолат ва дурнамо;
2.Пешниҳоди нақшаҳои кории фаъолияти бахш барои нимсолаи дуюми соли 2025;
- мавриди баррасӣ қарор додани камбудӣ ва мушкилотҳои ҷойдошта дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр (тариқи пурсиши масъулони соҳа аз ҷониби мудири бахш);
Аз рӯи масъалаи якум мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар самтҳои кор бо ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш дар нимсолаи аввали соли 2025 бо дарназардошти муваффақият, мушкилот ҳолат ва дурнамо ҳисобот пешниҳод намуда, оид ба дастовардҳо ва мушкилотҳои соҳа ибрози андеша намуда таъкид дошт, ки дар ин давра байни ҷавонон, волидайни онҳо ва аҳолии ҷамоати шаҳракҳо ва маҳаллањои шаҳр, корхонаву ташкилотҳо, инчунин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷи тиббӣ бо ин мақсад беш аз 28 вохуриву мулоқот ва хониши сиёсӣ, 17 конференсия, мизи мудаввар, 55 аксияву ҳамоиш, 5 роҳпаймоӣ ва 30 маҳфил дар мавзуъҳои “Ҷавонон”, “Паём”, “Манфиатҳои миллӣ”, “Паём роҳнамо барои фардои дурахшон”, “Паёми Пешвои миллат – ҳидоятномаи халқ ба сӯи фардои дурахшон”, “Пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав”, “Пешгирии хурофоту бегонапарастӣ ва падидаҳои номатлуб дар ҷомеа” “Экстеремизм ва терроризмро маҳкум мекунем”, “Муқовимат бо экстеремизм ва терроризм кори дастаҷамъист”, “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон омили муттаҳидии миллат”, “Қувваҳои муссалаҳ – мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон” “Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҷавонон нерӯи созандаи кишвар”, “Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ”, “Хизмати ватан-модар шараф аст!”, “Артиши миллӣ сипари боэътимоди ватан”, “Атиши милли-кафили сулҳу ваҳдат”, “Модар бақои ҳаёт”, “Мадар сарвати бебаҳо ва сарчашмаи ҳаёт”, “Модар – фариштатар зи тамоми фариштаҳост”, “Саҳми Пешвои муаззами миллат дар тарғиб ва ҷаҳонишавии Наврӯз”, “Ватандӯстӣ аз худшиносии миллӣ сарчашма мегирад”, “Таваҷҷуҳ ба маърифати ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон-василаи пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар ҷомеа”, “Танзим баракати зиндагист”, “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, “Қонуни масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак сармоягузорӣ ба хотири фардост”, иштироки фаъолона доштан дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Огаҳ будан аз таъриху тамаддун ва фарҳанги асили ниёгон” “Ҳифзи арзишҳои миллӣ-сулҳу суботи кишвар, муҳимтарин вазифаи ҷавонон ”, “Ҳифзи арзишҳои миллӣ рисолати шаҳрвандист”, “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад”, “Саҳми Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, “Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ”, “Ҷавонон пайравони Пешвои миллвт”, “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолӣ давлати ва амнияти миллӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу Ваҳдат ва давлати миллии тоҷикон”, “Ваҳдат – сарчашмаи сулҳу суботи кишвар”, “Ваҳдат пойдевори давлат ва ҳастии миллат”, “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таъмини амнияти кишвар”, “Пешвои миллат – кафили сулҳу Ваҳдати миллӣ” ва дигар мавзуҳои муҳим ба роҳ монда шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби масъулини бахш ва ҷавонони фаъоли шаҳр зиёда аз 66 мақолаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва 70 видионаворҳои (видиоролик) тарбиявӣ дар мавзуъҳои гуногун баҳри ҳизи Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу башарӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ таълиф гардида, теъдоде аз онҳо дар ҳафтаномаи “Соҳил”, сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сомонаҳои расмии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва саҳифаи расмии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ба нашр расидааст.
Минбаъд низ ингуна корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон, сокинони шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо мунтазам баргузор карда мешавад.
Лозим ба зикр аст, ки соли равон барои дастгирии ҷавонони лаёқатманди шаҳр шумораи гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр 40 нафар ва маблағи он 1800 сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки хонандагони аълохону фаъол сазовори Степендияи Раиси шањр гардиданд.Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миқдори гирандагони Стипендияи Президентӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 400 нафар ба 3000 нафар расонида шуд ва тибқи тақсимот, барои шаҳри Гулистон 16 адад Стипендияи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин шумора солҳои қаблӣ ҳамагӣ 3 ададро ташкил медод. Ин амал бори дигар аз ғамхориву дастгирӣ нисбат ба ҷавонон ва сиёсатаи ҷавонпарваронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Дар ҳудуди шаҳр дар умум 136 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, аз ин теъдод 56 майдончаи варзишӣ, 6 њавзи шиноварӣ, 9 варзишгоҳ, 26 толори варзишӣ ва 38 майдончаи бозии кўдакона мебошад.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ҳар ҳафта рўзи шанбе ташкил ва баргузории машқи пагоҳирўзӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 37 маротиба машқҳои пагоҳирўзӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишгоҳи марказӣ ва дар гулгашту хиёбондои шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи шаҳри Гулистон, бо ҷалби 5996 нафар доир гардид, ки ба он 2180 нафар бонувон иштирок доштанд.
Дар шаҳр як мактаби варзишӣ амал менамояд, ки дар он 27 нафар мураббӣ фаъолият дошта, аз онҳо 11 нафар бо маълумоти олии махсуси варзишӣ, 10 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 3 нафар донишҷў ва 1 нафар бо литсензияи варзишӣ кору фаъолият мебаранд. Дар мактаби варзишӣ 10 намуди варзиш: футбол, волейбол, баскетбол, бокс, муайтай, вазнбардорӣ, гўштини тарзи юнонӣ-румӣ, гуштини тарзи озод, ҳендбол, шоҳмот ва тениси руйи миз амал намуда, ба 56 гурўҳҳои машқӣ бо ҷалби 733 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 48 нафар духтарон машқу тамрин менамоянд.
Варзишгарони шаҳр дар 6 моҳаи аввали соли 2025, дар 16 мусобиқаҳои дохилимактабӣ – бо гирифтани 370 медал, дар 4 мусобиқаи шаҳрӣ ва кушоди шаҳрӣ – бо гирифтани 132 медал ва дар 1 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон – бо гирифтани 1 медал мушараф гардидаанд. Дар маљмўъ варзишгарон давоми 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ соҳиби 503 медал гардиданд.
Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳо бо усули маҳал ба маҳал ва байни ташкилоту муассисаҳо аз руйи намудҳои волейбол, футбол, гуштингири ва шашкаю шоҳмотбози беҳтарин ташкил ва баргузор карда шуд, ки чунин ба назар мерасад:
• Волебол аз руйи нақша дар 6 моҳаи аввал 32 мусобиқа баргузор карда шуд 42 мусобиқа;
• Гуштини миллӣ ва дигар намуди гуштингири, аз руйи нақша дар 6 моҳаи аввал аз руйи нақша 32 мусобиқа баргузор карда шуд 35 мусобиқа;
• Футбол аз руйи нақша дар 6 моҳаи аввал аз руйи нақша 32 мусобиқа баргузор карда шуд 34 мусобиқа;
• Шашка ва шоҳмотбози беҳтарин аз руйи нақша дар 6 моҳаи аввал аз руйи нақша 32 мусобиқа баргузор карда шуд 32 мусобиқа;
Инчунин, Абдуллоев Фаридуншоҳ доир ба фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии "Ҷавонон - созандагони Ватан" ҳисобот дод.
Дар фарҷом иброз карда шуд, ки дар нимсолаи дуюми соли 2025 низ фаъолияти соҳаро ҷонок намуда баҳри расидан ба натиҷаҳои назаррас саъю талош карда мешавад.