zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни корҳои бунёдкорӣ, сохтмони иншоти саноатӣ, аз қабили бунёди корхонаҳои навбунёди саноатӣ дар минтақаи саноатии шаҳр дидан намуд.

Дар ҷараёни боздид аз рафти бунёди корхонаҳои саноатӣ Илҳом Пӯлотзода аз корхонаҳои ҶДММ "Парандаи заррин", коргоҳи сардхона дар заминаи ҶДММ "Товус" ва коргоҳи аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ бунёд шудаистода шинос шуда, доир ба тақвияти корҳои созандагӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба итмом расонидани корҳо супоришҳо дод.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи нақшаи бунёду азнавсозии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр 280 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 184 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.