zoofirma.ru

Санаи 16.05.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо сафари корӣ ба Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ҳузур оварда бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фаъолияти мактаби мусиқӣ ва ҷараёни корҳои кашидани хати нави оби нӯшокӣ дар шаҳрак шинос шуд.

Нахуст аз рафти корҳои сохтмонӣ дар марказҳои хизматрасонӣ дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои асосии бунёди биноҳо ба охир расида, корҳои таъмирӣ ҷараён доранд ва дар соли 2025 ба истифода дода мешаванд.

Дар шаҳраки Чоруқдаррон ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 12 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 8 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар соли 2025 тибқи нақша бояд 3 иншоот ба истифода дода шавад.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати дар вақти муқарраршуда ба истифода додани иншооти ҷашнӣ, зиёд намудани теъдоди иншоот ва босифати баланди меъморӣ бунёд кардани онҳо дастур дод.

Сипас, аз мактаби мусиқии шаҳрак дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар мактаби мусиқӣ таълимгирандагон аз рӯйи навъҳои гуногуни санъату ҳунар дар нуҳ гурӯҳ, беш аз 75 нафар таълим мегиранд. Дар мактаби мусиқӣ норасоии кадрӣ ба назар мерасад. Шогирдони мактаб дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" сазовори 3 ҷойи намоён гардидаанд.

Илҳом Пӯлотзода барои ҷалби бештари таълимгирандагон, таъмини мактаби мусиқӣ бо кадрҳои соҳибтахассус ва ба даст овардани дастовардҳои арзанда дар соҳаи санъат ба масъулин супоришҳо дод.

Сипас, аз бинои собиқ кӯдакистони шаҳрак, ки аз тавозуни "Корхонаи фулузоти нодири Ленинобод" ба тавозуни шуъбаи маорифи шаҳр гузаронида шудааст, дидан карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур таъмирталаб буда, барои азнавсозӣ ба нақшаи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ворид гардида, лоиҳаи азнавсозии он омода ва пешниҳод гардидааст.

Пас аз навсозии бино дар он то 200 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода пас аз шиносоӣ бо вазъи бино барои дар сатҳи баланд ва босифат ба роҳ мондани корҳои таъмиру азнавсозӣ ва дар атрофи бино бунёд кардани майдончаи бозии кӯдакона бо таҷҳизоти замонавӣ ба масъулин дастур дод.

Ҳамчунин, дар идома бо ҷараёни корҳо дар хати нави оби нӯшокӣ дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки азнавсозии беш аз 1200 м хати оби нӯшокии шаҳрак бинобар фарсуда шудани хати қаблӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои таъмини бемамониаи оби нӯшокӣ дар шаҳрак мусоидат мекунад.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин барои ҳар чи зудтар ба итмом расонидани корҳо ва таъмини пурраи сокинон бо оби нӯшокӣ дастур дод.