08 Май 2025
Имрӯз, 06.05.2025 дар мактаби санъати маркази шаҳр маҷлиси машваратии соҳаи фарҳанги шаҳр бо иштироки муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён сарпарасти соҳа баргузор гардид.
Дар маҷлиси машваратӣ натиҷаи фаъолияти соҳаи фарҳанг шаҳр дар давоми се моҳи соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи соҳаи фарҳанг мудири бахши фарҳанги шаҳр Ҷамшед Самадов ҳисобот манзур намуд.
Зикр карда шуд, ки дар ихтиёри бахши фарҳанги шаҳр 10 китобхона, Кохи фарҳангии “Истиқлол”, 7 муассисаи клубӣ, 2 мактаби мусиқӣ, 2 мактаби санъат, 1 осорхона, ансамбли Тарона ва рақси “Навои Гулистон”, 3 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва 3 гулгашт фаъолият мебарад.
Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар бинои бахши фарҳанг ҷойгир буда, дорои 5 шуъба: шуъбаҳои рассомӣ, санъат, хонаи миллӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ, геология ва табиат, таърихи шаҳру шаҳракҳо ва 1 толор мебошад. Дар осорхона дар маҷмӯъ 2958 нигораҳо мавҷуд мебошанд. Аз инҳо: 63 адад нигораҳои наққошӣ, 1135 адад суратҳо, 42 адад санъат, 7 адад ашёҳои археологӣ, 81 адад ашёҳои маишию этнографӣ, 536 адад ҳуҷҷатҳо ва дигар аснод 1092 адад мебошад.
Дар семоҳаи аввали соли 2025 баҳри баланд бардоштани маърифати мардум, фаъолгардонии тарбияи маънавӣ, эстетикӣ ва истироҳати бофароғати сокинон муассисаҳои фарҳангӣ саҳми назаррас гузоштанд.
Дар давоми семоҳаи аввали соли 2025 аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ ҳамагӣ - 365-чорабинӣ бо иштироки 10281-нафар тамошобинон баргузор гардид.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муассисаҳои соҳаи фарҳанг марҳила ба марҳила таъмиру азнавсозӣ гардида истодаанд. Айни замон дар бинои бахши фарҳанги шаҳр корҳои таъмиру барқарорсозӣ ҷараён доранд.
Директори мактаби санъати шаҳр Холида Раҳматулина доир ба фаъолияти мактаби санъати шаҳр дар давоми се моҳи соли 2025 гузориш дод.
Сипас, муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён аз фаъолияти семоҳаи соҳа натиҷагирӣ намуда, барои амалигардонидани барномаҳои давлатии амалкунанда, рушди соҳаи фарҳанг, ҷалби ҷомеа ба китобхонаҳо, ба даст овардани дастовардҳои назаррас дар озмунҳои соҳавӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба иду ҷашнҳо ба масъулин супоришҳо дод.