08 Май 2025
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шуда истодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои МИҲД шаҳр, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар ҳамкорӣ бо дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда истодаанд.
Бо ҳамин мақсад, санаи 05.05.2025, дар шаҳри Гулистон, бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи шаҳрии волейбол байни бонувони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо баргузор ва ҷамъбаст гардид, ки дар натиҷа ҷойи аввал насиби бонувони МТМУ №14, ҷойи дуюм насиби бонувони МТМУ №8 ва ҷойи сеюм насиби бонувони бахши фарҳанги шаҳр гардид, ки ғолибон бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр қадрдонӣ гардиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷамъбати мусобиқаи мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Дар ин баробар масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва мурабиён азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон, бонувон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳ монда, тарзи ҳаёти солим ва ақли солимро дар байни сокинони касбу кори гуногун рушд диҳанд.